ИҚДОМИ САБЗ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ УСТУВОР: ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ “ДӮСТӢ” ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба кишвари «Сабз» табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар доираи баргузории Саммити ректорони донишгоҳҳои «Сабз», 15 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдоми муҳимми экологӣ – шинонидани дарахтони «Дӯстӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки ректорони донишгоҳҳои аъзои донишгоҳҳои «Сабз», намояндагони доираҳои илмӣ ва муҳаққиқон сурат гирифта, ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши фарҳанги ҳифзи муҳити зист арзёбӣ мегардад.

Иштирокдорон бо шинонидани дарахтон рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштаракро дар самти ҳифзи табиат ва рушди устувор муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши мушкилоти экологӣ аҳаммияти хосса дошта, барои тарбияи насли оянда дар рӯҳияи эҳтиром ба табиат мусоидат мекунанд.

Зикр шуд, ки иқдоми шинонидани дарахтони «Дӯстӣ» яке аз бахшҳои муҳими барномаи Саммит ба ҳисоб рафта, ба таҳкими робитаҳои байни донишгоҳҳо ва татбиқи ҳадафҳои рушди «сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад.

Интизор меравад, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ идома ёфта, ба ҳифзи муҳити зист ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Comments are closed.