ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР: САБЗ. РАҚАМӢ. ҲУШМАНД». Тақдими шаҳодатномаҳои такмили ихтисоси байналмилалӣ

16 апрели соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» маросими тантанавии тақдими шаҳодатномаҳои курси такмили ихтисоси байналмилалӣ аз рӯйи ихтисоси иқтисод ва идора баргузор гардид.

Курси мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил гардида, ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ равона шуда буд. Барномаи таълимӣ бо дарназардошти талаботи муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардида, масъалаҳои калидии рушди иқтисод ва идоракунии самаранокро дар бар гирифт.

Дар ҷараёни курс олимону коршиносони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла Янис Бикше – ходими илмии Маркази таҳқиқотии ViAZI-и Донишгоҳи Видземеи Латвия, Агита Ливина – доктори илмҳои иқтисодӣ ва корманди ҳамин марказ, инчунин Маҳендр Радди – намояндаи Донишгоҳи Крнатакаи Ҳиндустон, бо маърӯзаҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам баромад намуданд.

Мавзуъҳои баррасишуда масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди миллӣ, идоракунии муосир, равандҳои рақамикунонӣ ва мутобиқшавӣ ба талаботи иқтисоди ҷаҳониро фаро гирифта, барои иштирокчиён имконияти густариши донишу малакаҳои касбиро фароҳам оварданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни курс шаҳодатномаҳои хатм супорида шуда, маросим дар фазои тантанавӣ ва руҳияи ҳамкории байналмилалӣ анҷом пазируфт.

Comments are closed.