МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ РОҲБАРИЯТИ ИИТ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ДБССТ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Дар доираи Форуми тиҷоратии «Ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ» директори Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Раъно Ҳошим бо намояндагони муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россия мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот Боброва Ирина Петровна — дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии иқтисод ва идоракунии Новосибирск ва Кошелева Анна Игоревна — роҳбари академии самти омодасозии кадрҳои соҳаи сақёҳӣ ва иқтисоди Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, табодули таҷриба дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос, инчунин густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба роҳандозии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва ташкили чорабиниҳои муштарак зоҳир гардид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки иқтисод ва сайёҳӣ изҳор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки чунин ҳамкориҳо метавонанд ба рушди устувори соҳаи соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисон мусоидат намоянд.

Comments are closed.