Таҳти чунин унвон 16-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ва Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» II-юмин Конфронси байналмилалии илмию амалӣ оғоз гардид.
Дар кори конфронс зиёда аз 200 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, сафирон, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва меҳмонони форум аз хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ Шарифӣ Азамшо Латифзод – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, хонум Парвати Рамасвамӣ – Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, хонум Уриз Эрнандес Изабел – роҳбари ҳамкории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза Даврон – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Рашид Исмаилов – роҳбари Ҷамъияти экологии Россия, д-р Вишну Ҷувоно – роҳбари UI GreenMetric суханронӣ намуданд.
Зимни конфронс нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, пешбурди дипломатияи сабз, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва истифодаи воситаҳои муосири сиёсӣ ва илмӣ дар роҳи рушди устувор мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.
























