САЙЁҲӢ – ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОР: БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

16 апрели соли 2026 дар меҳмонхонаи «Кангурт»-и шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики рушди устувор: таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута, инчунин коршиносон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии нақши соҳаи сайёҳӣ дар таъмини рушди устувор, табодули таҷрибаи пешқадам ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар конфронси мазкур иштирок ва суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки сайёҳӣ яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, метавонад ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ хизмат намояд.

Қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ, истифодаи равишҳои инноватсионӣ дар идоракунии соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аҳамияти калидӣ доранд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳии “сабз”, ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо ҳамчун омили муҳими таъмини рушди устувор таъкид карда шуд.

Comments are closed.