РӮЗИ ҒАЛАБА — РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ВАҲДАТИ ХАЛҚҲО

Ба ифтихори рӯзи Ғалаба дар факултети ‘’Фаъолияти бонкӣ’’ музи мудаввар бо иштироки декани факултети фаъолияти бонкӣ Адолати Қурбоналӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Академияи сайёҳӣ , Нурматзода Ҳасан, Абдуҷаббор Ҳасанов устоди калони кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва дигар меҳмонони олиқадр, баргузор гардид. Дар ифтитоҳи чорабинӣ декани факултет ҳозиринро ба муносибати Иди Ғалаба, бо ин музаффарияти таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки он хотираҳое, ки ҳангоми ба забон гирифтани Иди Ғалаба ҳар як пиронсолро ба ларза меоварад. Яъне, хотираҳо аз он рӯзҳои сиёҳ, он азобҳое, ки дар ҷанг кашиданд ва бар ивази он азобҳо, соҳиби ин ғалаба шуданд. Инчунин омӯзгорону донишҷӯени факултет маърӯза намуда, аз лаҳзаҳои гуногуни даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аҳамияти таърихии ин ҳодисаи таърихӣ ёдовар шудаанд.

Бале, солҳо пайи солҳо шуданд, захмҳое, ки аз ҷанг гирифта буданд, аз байн рафтанд, вале хотира аз он ҷанги хунин ҳеҷ гоҳ, захми бадан соз шуд, вале дар дил як тамғае ба номи “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” абадӣ монд.

Comments are closed.