Имрӯз санаи 16 май дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳ чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ зери унвони “Ҷавонон – нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи имрӯзу фардои давлат” ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии имрӯза Сураҷ Чоршанбезода – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафорзода Юсуф – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шахсони масъули бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, муовинони ректори Донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Чорабинии имрӯзаро муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҷабборов Фатҳулло Амриевич ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи раёсати Донишгоҳ ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Иброз гардид, ки мо ҳар сол Рӯзи ҷавононро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, бо ташкили чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ ва илмию сиёсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
Дар идомаи баромади худ муовини ректор қайд намуд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба нерӯи онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо ва шумо — ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон устуворона қадам мезанем.
Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро ҷиҳати насли ояндасозу ватанпараст тарбияи ёфтани ҷавонон муҳайё сохтаанд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари калидии сиёсати худ қарор дода, пайваста ба ин қишри ояндасози кишвар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҷавобан ба ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат, ҷавонону донишҷӯёни моро зарур аст, ки касбу ихтисосҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷиро азхуд намуда, бо донишу малакаи хеш барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд, иброз намуд муовини ректори Донишгоҳ.
Сипас, Сураҷ Чоршанбезода – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухани табрикотӣ баромада, аз номи роҳбарияти Кумита ҳамаи донишҷӯёну омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Қайд гардид, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23-юми май яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ – Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Қобили зикри махсус аст, ки тибқи таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистони мо аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки Ҳукумати кишвар шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти нақши ҷавонон дар раванди бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста иқдом мекунад. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонон далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат ба ҳаёти ҷавонон ҳамчун неруи созандаи кишвар мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳо вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди насли наврас давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.
Таъкид грдид, ки имрӯз дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад. Имрӯз барои рушди ҷавонони кишвар тамоми шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони мо ҳам шароити арзандаи илмомӯзӣ ва ҳам шароити лозимӣ барои машғул гардидан ба варзиш ва тарзи ҳаёти солимро доранд ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд.
Дар қисмати дигари чорабинии имрӯза, аз ҷониби намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд нафар магистрантону донишҷӯёни Донишгоҳ, барои иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва илмию сиёсии мамлакат, ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, аз ҷониби бахши фарҳанги Донишгоҳ баҳри болидарӯҳии меҳмонон ва иштирокчиён барномаи хубу дилкаши фарҳангӣ – фароғатӣ бо рақсу сурудҳои дилнишин пешниҳод гардид.





































