ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ ДБССТ ВА СОХТОРҲОИ ОН ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

Санаи 17 майи соли 2026 ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва сохторҳои он дар чорабинии оммавии варзишии Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Иштирок дар Дави миллӣ ҳамчун рамзи тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди фарҳанги варзишӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ гардида, омӯзгорони Донишгоҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки Дави миллӣ ҳамасола бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, барои таҳкими саломатии ҷомеа ва ҷалби аҳолӣ ба варзиш нақши муҳим мебозад.

Comments are closed.