Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯзҳои 11-16 майси соли 2026 машғулиятҳои амалии омӯзишӣ ва мастер-классҳо таҳти унвони «Равишҳои муосир дар таҳсилоти сайёҳӣ» барои омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони субъектҳои хоҷагидории соҳаи сайёҳӣ бо иштироки тренерҳо аз Туркия ва Корея баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи ҷамъбастии машғулиятҳои амалии омӯзишӣ ва мастер-классҳо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик, директори Дафтари Агентии байналмилалии ҳамкории Корея (KOICA) дар Тоҷикистон Канг Синг Хон ва директори Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (TIKA) Ибраҳим Этҳем Унал иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (TIKA) ва Агентии байналмилалии ҳамкории Корея (KOICA) дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардида, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таҳсилоти сайёҳӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани малакаҳои касбии мутахассисони соҳа равона карда шуд.
Дар маросими ҷамъбасти машғулиятҳо муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Мирзоҳид Раҳимов суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти донишгоҳ самимона хайрамақдам гуфт. Номбурда зимни баромади худ таъкид намуд, ки имрӯз таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба шумор рафта, густариши робитаҳо бо ташкилоту муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи сайёҳӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки баргузор намудани чунин курсҳои омӯзишӣ бо иштироки мутахассисон ва коршиносони Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Корея имконияти мусоидро барои табодули таҷриба, омӯзиши равишҳои муосири таълим ва татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар низоми таҳсилоти сайёҳӣ фароҳам месозад.
Зимни суханрониҳои худ сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои TIKA ва KOICA аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои таҳсилот, рушди иқтидори инсонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид намуданд.
Бояд зикр намуд, ки машғулиятҳои омӯзишӣ давоми шаш рӯз идома ёфта, дар доираи он иштирокчиён бо таҷрибаҳои муосири байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти сайёҳӣ, менеҷменти хизматрасонӣ, технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва равишҳои нави омодасозии кадрҳо шинос гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён шаҳодатномаҳои хатм супорида шуданд. Шаҳодатномаҳоро роҳбарияти донишгоҳ, сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои байналмилалӣ ба шунавандагон тақдим намуданд. Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷамъбаст гардид.
























