ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ
(ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТӢ – ИНТИХОБИ ШИРКАТ)
Ҷумҳурии Тоҷикистон
TJK1048: ЛОИҲАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ҲУШМАНД ВА ТАҲСИЛОТ ДАР СОҲАИ СОҲИБКОРӢ
Хизматрасониҳои машваратӣ оид ба аудити молиявӣ
Тарзи маблағгузорӣ: иҷораи молиявӣ бо ҳуқуқи харид (Forward Leasing), қарз ва грантҳои кӯмаки техникии Бонки Исломии Рушд (БИР)
Рақами маблағгузорӣ: TJK-1048
· Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Исломии Рушд (БИР) барои пӯшонидани хароҷоти марбут ба татбиқи Лоиҳаи рушди таҳсилоти соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ маблағгузорӣ гирифтааст ва ният дорад қисми муайяни ин маблағҳоро барои пардохти хизматрасониҳои машваратӣ равона намояд.
· Хизматрасониҳои пешбинишуда гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Лоиҳа ва таҳияи ҳисоботи дахлдори аудиторӣ, инчунин санҷиши ҳамзамони Ҳисоботҳо оид ба хароҷот (Statements of Expenditure) ва Ҳисоби махсусро пеш аз ҳар як дархост оид ба пур намудани маблағҳо (интизор меравад дар асоси нимсолагӣ) дар бар мегирад. Иҷрои супориш тахминан моҳи сентябри соли 2026 оғоз гардида, шаш аудити давраи татбиқи 60-моҳаи Лоиҳа (июли соли 2026 – июни соли 2031)-ро фаро хоҳад гирифт: давраҳои молиявии соли 2026 (июл–декабр), солҳои 2027, 2028, 2029, 2030 ва давраи ниҳоӣ аз моҳи январи то моҳи июни соли 2031. Ҳисоботи ниҳоии аудиторӣ бояд на дертар аз 31 декабри соли 2031 пешниҳод гардад.
· Вазифаи техникии муфассал (Terms of Reference – ToR) барои ин супориш тавассути пайванди зерин дастрас мебошад:https://iutet.tj/wp-content/uploads/2026/06/TJK-1048_ToR_Financial_Audit.pdf ё онро метавон аз нишонии дар поён зикршуда дастрас намуд.
· Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Агентии иҷроия) ширкатҳои машваратии соҳибихтисос («Машваратчиён»)-ро барои изҳори ҳавасмандӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои мазкур даъват менамояд. Машваратчиёни ҳавасманд бояд маълумотеро пешниҳод намоянд, ки салоҳият ва таҷрибаи онҳоро барои иҷрои хизматрасониҳои мазкур пурра тасдиқ намояд (брошюраҳо, тавсифи супоришҳои шабеҳ, таҷрибаи фаъолият дар шароити монанд, мавҷудияти мутахассисони дахлдор дар ҳайати кормандон ва ғайра).
Меъёрҳои дохилшавӣ ба рӯйхати кӯтоҳ:
· на камтар аз 3 сол таҷрибаи умумӣ дар соҳаи аудит;
· таҷрибаи иҷрои на камтар аз 2 шартномаи шабеҳ аз рӯи ҳаҷм ва хусусияти хизматрасониҳо дар доираи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби бонкҳои бисёрҷонибаи рушд ё дигар ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ шудаанд.
Дар марҳилаи таҳияи рӯйхати кӯтоҳ, коршиносони асосӣ (Key Experts) мавриди арзёбӣ қарор намегиранд.
· Таваҷҷуҳи машваратчиёни ҳавасманд ба бандҳои 1.12.1 ва 1.12.2 Қисми 1, Боби 1-и Дастурамали хариди хизматрасониҳои машваратӣ дар доираи маблағгузории лоиҳавии Бонки Исломии Рушд («Дастурамали харид») ҷалб карда мешавад, ки сиёсати БИР-ро нисбат ба ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо муайян менамоянд.
· Машваратчиён метавонанд барои таҳкими тахассуси худ бо дигар ширкатҳо муттаҳид гарданд, аммо бояд ба таври равшан нишон диҳанд, ки чунин ҳамкорӣ дар шакли корхонаи муштарак (Joint Venture) ва ё созишномаи зермашваратӣ (Sub-consultancy Agreement) амалӣ мегардад. Дар ҳолати корхонаи муштарак ҳамаи иштирокчиёни он барои иҷрои пурраи шартнома дар сурати интихоб шудан масъулияти муштарак ва якҷоя доранд.
· Машваратчӣ аз рӯйхати кӯтоҳи миллӣ тибқи усули интихоб аз рӯи арзиши камтарин (Least Cost Selection – LCS) мутобиқи талаботи Дастурамали харид (нашри апрели соли 2019 бо тағйиру иловаҳои феврали соли 2023) интихоб карда мешавад.
· Машваратчиёни ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро аз нишонии дар поён зикршуда дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) дастрас намоянд.
· Изҳороти ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ ба нишонии дар поён овардашуда (шахсан, тавассути почта ё почтаи электронӣ) то соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ, 14 июли соли 2026 пешниҳод карда шавад.
Муассиса: Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории
Тоҷикистон»Ба таваҷҷуҳи: Фатҳулло Ҷабборов, ҳамоҳангсози Лоиҳа
Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5
Телефон: +992 37 234 88 02
Почтаи электронӣ: dsx_ips@mail.ru, iutetiro.tj@gmail.com
Сомона: https://iutet.tj/








