ҚАДАМИ НАВ БА СӮЙИ ДОНИШГОҲИ “САБЗ”: ДАР ДБССТ НЕРУГОҲИ ОФТОБИИ 150 кВт БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушди иқтисоди сабз, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин амалисозии бандҳои алоҳидаи Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд дар бинои Маркази малакаҳои касбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобии фотоэлектрикии иқтидораш 150 кВт ба истифода дода шуд.

Иқдоми мазкур ҳамчунин дар партави ташаббусҳои раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба рушди «шаҳри сабз» ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза амалӣ гардида, ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва ташаккули инфрасохтори муосири «сабз» мусоидат мекунад.

Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ имкон медиҳад, ки қисми муайяни эҳтиёҷоти донишгоҳ ба неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин гардида, саҳми муассиса дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи муҳити зист боз ҳам бештар гардад. Тибқи ҳисобҳои техникӣ, иқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 205 ҳазор киловатт-соат неруи барқро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии рейтинги байналмилалии UI GreenMetric World University Rankings татбиқи принсипҳои рушди устувор, иқтисоди сабз ва технологияҳои инноватсиониро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ меҳисобад. Насби неругоҳи офтобии 150 кВт яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи ташаккули донишгоҳи “сабз” ва баланд бардоштани мавқеи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ин ташаббус саҳми донишгоҳро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар самтҳои таъмини энергияи дастрас ва тоза, рушди инфрасохтори устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим тақвият бахшида, барои дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ намунаи таҷрибаи пешқадам маҳсуб меёбад.

Роҳбарияти донишгоҳ тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истифодаи технологияҳои «сабз»-ро боз ҳам густариш дода, барои ташаккули муҳити муосири таълимӣ ва илмии мутобиқ ба талаботи рушди устувор иқдомҳои навро амалӣ намояд.

Comments are closed.