ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

13 июли соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар кори нишаст роҳбарияти донишгоҳ ва сохторҳои он, намояндагони зиёда аз 78 воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ иштирок намуданд.

Нишасти матбуотиро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, доир ба дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, ҳамкориҳои байналмилалӣ, рақамикунонӣ, рушди иқтисоди сабз ва таҳкими заминаҳои моддию техникӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2026 донишгоҳ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, густариши таҳсилоти дуалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва татбиқи барномаи «Донишгоҳи сабз» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳамчунин, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти ду шурои диссертатсионӣ, таъсиси маҷаллаи нави илмии «Тадқиқоти математикӣ», баргузории конференсияҳои байналмилалӣ, афзоиши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, амалисозии лоиҳаҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар идомаи нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои рушди низоми таҳсилоти олӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати илмӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир, ҷалби сармоягузорӣ, иқтисоди сабз, рушди сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти донишгоҳ саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҷавобҳои мушаххас ва муфассал гирифтанд.

Дар анҷоми нишаст роҳбарияти донишгоҳ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд ва инъикоси саривақтии фаъолияти муассиса изҳори сипос намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иттилоотӣ таъкид кард.

Comments are closed.