МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Неъматуллозода Фаридун Неъматулло
Тел.: (+992) 905056345
E-mail: nematzoda.farid@gmail.com
Маълумоти мухтасар
Фаридун Неъматуллозода – муовини декан оид ба таълими Факултети муштараки сайёҳии байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докторанти фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, устоди калон.
Аз соли 2021 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ фаъолият намуда, кори илмии худро дар самти “Механизмҳои ташкилӣ-иқтисодии рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар” зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сафозода Абдумаҷид Карим пеш бурда истодааст.
Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Неъматуллозода Фаридун Неъматулло масъалаҳои мубрами соҳибкорӣ, соҳибкории истеҳсолии хурду миёна, муҳити мусоиди соҳибкорӣ, соҳибкории инноватсионӣ, хавфи фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, ва саноатикунонии босуръатро дар бар мегирад.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ – таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 26 корҳои илмӣ, аз ҷумла: 5 мақолаи тақризшаванда (КОА), 15 мақолаҳои байналмилалӣ, 6 мақолаи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарӣ ба мақолаҳои илмии донишҷӯён ба чоп расидааст.
Фаридун Неъматуллозода ба ҳайси муовини декан оид ба таълим дар факултети муштараки сайёҳии байналмилалӣ фаъолият менамояд. Вазифаҳои Ӯ ба ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ, таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои корӣ дар самти мазкур, банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии баргузории чорабиниҳои гуногун оид ба баланд бардоштани завқи донишандузии донишҷӯён, аз ҷумла ташкил ва ҷобаҷогузории ҷадвалҳои дарсӣ, ташкили саривақтии машғулиятҳои таълимӣ, назорати қатъии сифати баргузории дарсҳо, дарёфт ва ҳавасмандии донишҷӯёни аълохон, инчунин риояи тартиботи дохилӣ ва интизоми намунавии донишҷӯёни донишгоҳ нигаронида шудааст. Вазифаҳои мазкур бо фароҳамсозии муҳити мусоиди таълимиву тарбиявӣ, ки ба рушди ҳамаҷониба ва мутобиқшавии бомуваффақияти донишҷӯён мусоидат менамояд, равона гардидаанд.
Барои саҳми арзанда доштан дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён бо сипосномаи раёсати донишгоҳ, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаву ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
ЭДВАЙЗЕРИ ТАЪЛИМИИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Турғунов Фирдавс Абдураҳимович
Тел.: (+992) 90-104-64-64
E-mail: turgunovfirdavs2305@gmail.com
Маълумоти мухтасар
Фирдавс Турғунов – эдвайзери таълимии Факултети муштараки сайёҳии байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ассистент.
Аз соли 2024 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ фаъолият намуда, хатмкардаи ихтисоси филология дар зиннаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Калмукияи Федератсияи Россия мебошад.
Фирдавс Турғунов ба ҳайси эдвайзери таълимии факултет фаъолият намуда, вазифаҳои Ӯ ба ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ дар байни донишҷӯёни факултет, банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии баргузории чорабиниҳои гуногун оид ба баланд бардоштани завқи донишандузии донишҷӯён, аз ҷумла ташкил ва ҷобаҷогузории ҷадвалҳои дарсӣ, ташкили саривақтии машғулиятҳои таълимӣ, бақайдгирии давомоти донишҷӯён, назорати қатъии сифати баргузории дарсҳо, инчунин риояи тартиботи дохилӣ ва интизоми намунавии донишҷӯёни факултет нигаронида шудааст. Вазифаҳои мазкур бо фароҳамсозии муҳити мусоиди таълимиву тарбиявӣ, ки ба рушди ҳамаҷониба ва мутобиқшавии бомуваффақияти донишҷӯён мусоидат кунанда, равона гардидаанд.
Барои саҳми арзанда доштан дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён бо сипосномаи раёсати донишгоҳ, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаву ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.








