Санаи 15 декабри соли 2022 дар доираи сафари корӣ ба Малайзия ректори Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар ҳамоиши илмии Донишкадаи идоракунии амволи Малайзия иштирок намуданд.
Ҳамоиши илмӣ ба мавзуи «Шаклҳои муосири идоракунии амвол дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида шуда буд.
   Пас аз анҷоми ҳамоиш, мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳ бо ректори Донишкадаи болозикр доир гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
      Дар доираи шартномаи имзошуда пас аз мувофиқаи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ ҷонибҳо ба амалисозии барномаи табодули академӣ шуруъ менамоянд.

Leave a Comment