ДАР ДБССТ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти Донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, фазои тантанавии он таҷассумгари эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси давлатдории миллӣ, Истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.

Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз намуда, қайд намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст.

Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аҳли Донишгоҳро ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба аҳаммияти таърихии истиқлол, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши илму маориф дар рушди минбаъдаи давлат андешаронӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ва илм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи хос касб намуда, барои фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия, рушди илму инноватсия, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу рақобатпазир тадбирҳои пайваста амалӣ гардида истодаанд.

Дар идомаи чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аҳли илму маориф, устодону кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати ин санаи сарнавиштсоз табрик гуфта, таъкид намуданд, ки тамоми дастоварду пешравиҳои Тоҷикистони муосир аз неъмати бебаҳои истиқлол сарчашма мегиранд. Қайд карда шуд, ки ДБССТ дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлат фаъолияти худро ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм ва инноватсия, рақамикунонии раванди таълим, истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона намудааст. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аҳли зиё ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибдонишу ташаббускор саҳми бештар гузоранд.

Дар чорабинӣ аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодиёт ва инфрасохтор, пешрафти маорифу илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ёдоварӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки насли ҷавони кишвар бояд истиқлолро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳифз намуда, бо омӯзиши амиқи илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар, технологияҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорад.

Бахши фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди барномаи идона, суруду таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои тараннумкунандаи Ватан, Истиқлол, сулҳу ваҳдат ва ифтихори миллӣ идома ёфта, ба ҷамъомад фазои идона бахшид.

Баргузории чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки аҳли Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро арҷ гузошта, минбаъд низ неруи илмиву зеҳнии худро барои рушди илму маориф, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона менамоянд.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор омӯзгорон бо мукофотҳои Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар