Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси муқаддаси ниёгонамон – иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, Фестивали «Оши палов», намоиш ва фурӯши асал, намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур таҷлил гардид.








































