Бинои хуштарҳу замонавии Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Дарвоз 15 августи соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия ифтитоҳ гардида буд. Бинои зебои таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд ёфтааст ва барои 840 нафар хонанда пешбинӣ мешавад. Дар гимназия беш аз 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамоянд. Гимназия аз 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла биология, химия, физика, математика, синфхонаҳои компютерӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Зимни шиносоӣ раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон ба иштирокчиёни Экспедитсияи илмию сайёҳии байналмилалӣ “Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон” иттилоъ дод, ки дар Гимназия ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Зимни боздид меҳмонони чорабинӣ ба таваҷҷуҳи рузафзуни Ҳукумати кишвар ба соҳаи илму маориф ва бунёди Гимназияи замонавӣ дар ноҳияи дурдаст бо санъати баланду шароит ва имконоти муосир баҳои баланд доданд.
Сафари ширкаткунандагони Экспедитсия дар ноҳияи Дарвоз бомаром идома дорад.





















