МАСТЕР-КЛАСС ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ КАСБИИ ҲУҚУҚШИНОСОН ВА ХУДТАТБИҚКУНИИ КАСБӢ ДАР АМАЛ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ» (ДБССТ, 13-18 ОКТЯБРИ 2026)

Дар заминаи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 13 то 18 октябри соли равон баргузор гардида истодааст, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва байналмилалӣ санаи 17 октябри соли 2026 дар Донишгоҳ мастер-класси ҳаммуассис ва шарики ширкати Legal Stratagency Александр Хвощинский дар мавзуи «Рушди малакаҳои касбии ҳуқуқшинос: худтатбиқкунии касбӣ дар амал» баргузор гардид.

Мастер-класс ба масъалаҳои интихоби роҳи касбӣ, ташаккули салоҳиятҳои ҳуқуқшиносӣ ва омодагӣ ба фаъолияти амалӣ бахшида шуд. Александр Хвощинский дар асоси таҷрибаи худ дар соҳаҳои амалияи ҳуқуқӣ, сармоягузории хориҷӣ, молияи корпоративӣ, таҳқиқот ва машваратдиҳӣ роҳҳои рушди ҳуқуқшиносони ҷавонро шарҳ дод.

Дар ҷараёни машғулият ба арзиши хизматрасонии ҳуқуқӣ, масъулияти шахсии ҳуқуқшинос, эътимоди муштарӣ, ҳифзи махфияти маълумот ва обрӯйи касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки муваффақияти ҳуқуқшинос дар баробари донишҳои назариявӣ ба қобилияти дарки масъалаи муштарӣ, пешниҳоди ҳалли асоснок ва иҷрои босифати кор вобаста мебошад.

Яке аз бахшҳои муҳимми мастер-класс муаррифии модели салоҳиятҳои касбии ҳуқуқшинос буд. Дар доираи он масъалаҳои тафаккури ҳуқуқӣ, иҷрои мустақилонаи вазифаҳо, ташкили кори гурӯҳӣ, идоракунии лоиҳаҳо ва рушди фаъолияти ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин аҳамияти устуворӣ дар шароити фишори равонӣ, малакаҳои муошират, пайгирӣ дар иҷрои вазифаҳо, мутобиқшавӣ ва омодагӣ ба таҷрибаи нав шарҳ дода шуд.

Ба таъсири зеҳни сунъӣ ба фаъолияти ҳуқуқшиносон низ диққат дода шуд. Аз ҷумла, дар мисоли таҳияи лоиҳаи шартнома бо истифода аз зеҳни сунъӣ масъалаҳои санҷиши дурустии ҳуҷҷат, ҳифзи маълумоти муштарӣ ва масъулияти ҳуқуқшинос барои натиҷаи ниҳоии кор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маводи мастер-класс саволҳои худбаҳодиҳӣ ва ҳолатҳои амалиро низ фаро гирифта, иштирокчиёнро ба муайян намудани ҳадафҳои касбӣ, шинохти ҷиҳатҳои такмилталаби худ ва интихоби қадамҳои минбаъдаи рушд ҳидоят намуд.

Баргузории чунин машғулиятҳо ба пайвастани донишҳои назариявӣ бо амалия, густариши ҷаҳонбинии касбӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ ва таълимии донишгоҳ мусоидат менамояд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар