БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ ИХТИСОСИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА ДАР ДБССТ

Дар “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон машғулиятҳои таълимӣ бо иштироки мутахассисони дохилию хориҷӣ дар доираи Форуми байналмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ”, курси такмили ихтисос аз рӯйи ихтисоси “Иқтисод ва идора” баргузор гардид. Курси такмили ихтисос бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии ҳайати омӯзгорони Донишгоҳ роҳандозӣ гардид. Дар раванди машғулиятҳо мутахассисони дохилию хориҷӣ таҷрибаи худро оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи иқтисод ва идора пешниҳод намуд.

Инчунин,раванди курси такмили ихтисос аз тарафи мутахассис аз хориҷи кишвар Гавиннола Махендр – н.и.и., дотсент, донишгоҳи Марказии Канатакаи Хиндустон ва мутахассисони дохилӣ баргузор гардид

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар