20 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и донишгоҳ маросими тантанавии тақдими шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Маҳорати педагогӣ» баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур ба 39 нафар кормандону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки барномаи таълимии курси такмили ихтисосро бомуваффақият аз худ намуданд, шаҳодатномаҳои дахлдор дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
Зимни баргузории маросим таъкид гардид, ки такмили пайвастаи донишҳои касбӣ, баланд бардоштани маҳорати педагогӣ ва рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир нақши муҳим доранд.
Қайд карда шуд, ки ташкили чунин курсҳои такмили ихтисос дар заминаи татбиқи банди 72-и Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таҳкими иқтидори кадрӣ, рушди низоми таҳсилоти касбӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти омӯзгорон ба талаботи муосири соҳаи маориф равона шудааст.
Ҳадафи асосии баргузории курси «Маҳорати педагогӣ» баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати омӯзгорон, такмили донишҳои назариявию амалӣ, рушди малакаҳои методию педагогӣ, ҷорӣ намудани равишҳои муосири таълим ва таҳкими муносибати босалоҳият ба раванди омӯзиш мебошад.
Дар ҷараёни курс иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими методикаи таълим, истифодаи технологияҳои инноватсионии омӯзиш, татбиқи усулҳои фаъоли таълим, ташкили самараноки машғулиятҳои назариявию амалӣ, арзёбии натиҷаҳои таълим ва баланд бардоштани сифати раванди таҳсил донишҳои худро такмил доданд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба рушди қобилияти касбии омӯзгорон, истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, тақвияти робитаи мутақобилаи омӯзгору донишҷӯ ва ташаккули муҳити мусоиди таълимӣ равона гардид.
Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати илму технология ва дигаргуншавии талаботи бозори меҳнат омӯзгор бояд пайваста дониш, малака ва усулҳои фаъолияти касбии худро такмил диҳад. Аз ин рӯ, баргузории курсҳои такмили ихтисос яке аз воситаҳои муҳими рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти таълимӣ ба шумор меравад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба 39 нафар хатмкунандаи курс шаҳодатномаҳои «Маҳорати педагогӣ» тақдим гардида, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ комёбиҳои нав таманно карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сиёсати рушди иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ба масъалаи такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва рушди маҳорати касбии ҳайати профессорону омӯзгорон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, баргузории чунин чорабиниҳои омӯзиширо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ медонад.

















































