Донишҷӯён, хонандагон ва омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он (5 нафар) дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Ин дастоварди арзанда самараи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди неруи зеҳнии ҷавонон, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии халқи тоҷик баргузор мегардад, дар рушди маънавию маърифатии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, нақши муҳим дорад.
Муваффақияти намояндагони донишгоҳ ва муассисаҳои тобеи он дар даври шаҳрии озмун далели равшани самаранокии фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва маърифатӣ буда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои бештар дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун заминаи устувор мегузорад.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», омӯзгорону роҳбарони онҳо ва масъулони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳоро самимона табрик намуда, дар даври ҷумҳуриявии озмун барояшон комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.
ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ИЛМИЮ МАЪРИФАТӢ БА КУЛЛИ ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН, ДОНИШҶӮЁН ВА ХОНАНДАГОНИ ДБССТ ВА МУАССИСАҲОИ ТОБЕИ ОН МУБОРАК БОШАД!









