Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ду нафар донишҷӯи Донишкадаи байналмилалии Леваканти назди Донишгоҳро ба муносибати ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» самимона табрику таҳният менамоянд.
Ин дастоварди арзишманд бозгӯи истеъдоди баланд, заҳмати пайваста, иродаи қавӣ ва талошҳои созандаи донишҷӯён буда, ҳамзамон аз фаъолияти пурсамари омӯзгорон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса ба дарёфт, тарбия ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод шаҳодат медиҳад.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Левакант бо иштироки фаъолона ва муваффақияти назаррас дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ номи муассисаи таълимӣ ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Бешубҳа, чунин дастовардҳо барои рушди минбаъдаи қобилиятҳои эҷодии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибон, падару модарон, устодон ва тамоми ҳайати Донишкадаи байналмилалии Левакантро бо ин муваффақияти шоиста самимона табрик гуфта, ба донишҷӯёни ғолиб дар фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ, таҳсил ва зиндагӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.
ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК, ҶАВОНОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД!









