Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва густариши фарҳанги донишандӯзӣ, таҳкими маърифат ва тарбияи насли илмомӯзу ихтироъкор роҳандозӣ гардидааст. Баргузории озмун дар солҳои қаблӣ нишон дод, ки таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ афзоиш ёфта, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои муҳандисиву техникӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, муовини вазири маориф ва илм Илҳомуддин Иброҳимзода зимни суханронӣ иттилоъ дод, ки бо мақсади таъмини шаффофият, содагардонии раванди бақайдгирии иштирокчиён ва такмили низоми идоракунии марҳилаҳои озмун Портали электронии озмун роҳандозӣ гардида, ҳамчунин, бо ҷалби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани қисми амалии озмун ба таъмини шаффофият, адолат ва баробарии арзёбии дониш, маҳорат ва қобилиятҳои иштирокчиён мусоидат менамояд.
Дар идома дигар масъулин суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар даври сеюми озмун ҳамагӣ 4482 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 700 нафар, аз ҷумла, 244 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типпи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндаи касбу кори гуногун аз рӯйи 8 номинатсия ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа ба илму технологияҳои муосир ва талоши наврасону ҷавонон барои такмили дониш ва қобилиятҳои илмии худ шаҳодат медиҳанд.
Пас аз анҷоми қисми расмии ифтитоҳӣ, масъулин бо макони баргузории номинатсияҳои озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шинос гардида, ба шароити фароҳамовардашуда барои гузаронидани даври чоруми озмун таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида, даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19 то 28 октябри соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи 8 номинатсия барои нишон додани дониш, маҳорат ва қобилиятҳои илмии худ рақобат менамоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


















































