Санаи 29 августи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони зерини Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намуданд:
1. Асрорзода Убайдулло Саттор – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Ордени Шараф дараҷаи II;
2. Қодирова Моҳира Ишановна – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент бо Медали хизмати шоиста;
3. Каримов Баҳодур Ҳасанович – – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент бо Медали хизмати шоиста.
Ҳайати омӯзгорону профессорони Донишгоҳ Шумоёнро бо ин дастовардҳо табрику муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон пирӯзиҳои навин орзу менамоем.