28 сентябри соли 2023 мулоқоти намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи бизнес ва технологияи Арабистони Саудӣ (UBT), ки ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузории Душанбе – 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, баргузор гардид.
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳайати муовинони ректор аз ташрифи намояндагони муассисаи таълимии болозикр ва ҳамкориҳои пайвастаи донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ ва арзи сипос намуданд.
Хотирнишон менамоем, ки дар соли 2023 сафари кории ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ба Арабистони Саудӣ сурат гирифта, ҳамкориҳои густурдаи донишгоҳ бо Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳӣ, ширкати холдингии “Kyan Education Services” дар самтҳои мухталифи фаъолият роҳандозӣ шуда истодаанд.
Қабл аз ҳама, меҳмонон аз пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таълим дидан намуда, ба гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисии донишгоҳ дар риштаи сайёҳӣ дар бораи имконоти таҳсил дар муассисаҳои таълимии Арабистони Саудӣ, иштирок дар барномаҳои табодули академӣ ва стипендияҳо маълумот пешниҳод намуданд.
Баъдан, тибқи барнома мулоқоти ҷонибҳо сурат гирифт. Дар раванди мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи бизнес ва технологияи Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо тақвият дода шуда, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ғайраҳо ба роҳ шаванд.
Ҳамзамон, намояндагони Донишгоҳи бизнес ва технология бо дарназардошти дар сохтории ташкилии идоракунии муассисаашон ҷой доштани муассисаҳои таълимии зинаҳои мухталифи таҳсилот, оид ба ҳамкорӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низ омодагии хешро иброз намуда, аз раванди фаъолияти Литсейи назди Донишгоҳ дидан намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ҷонибҳо ба ҳам тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ