Мо барои васл кардан омадем,
       На барои фасл кардан омадем.
  Дар ҳошияи ин байти баландмазмуни мутафаккири бузургвор – Ҷалолиддини Балхӣ омузгорони кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултетҳо, тибқи нақша- чорабиниҳо маҳфили илмии “Мавлавихонӣ” баргузор намуданд. Маҳфил бо иштироки пурраи омӯзгорони кафедра дар фазои баланди суханварӣ сурат гирифта, дар баробари омӯзгорон донишҷӯён низ, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, хитойи ва узбекӣ осори баландмазмуну рӯҳнавози шоири бузург Ҷалолиддини Балхиро қироат ва маърӯзаронӣ карданд.
      Меҳру муҳаббати баргузидаи маънавии шоир ончунон дилнишин аст, ки зиёда аз 30- нафар донишҷӯ, ихтиёран ва ҷаззоб ғазалхонӣ намуданд. Дар охир мудири кафедра – Холназар Назаров иброз намуд, ки агар мардуми башар дунболи фарҳанг бошанд, фарҳанги башар дунболи осори Ҷалолиддини Балхист

Leave a Comment