Тавре иттилоъ дода будем, санаи 28 сентябри соли ҷорӣ 17 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи давлатии ҷанубии Қазоқистон ба номи М. Ауэзова сафарбар гардида буданд.
Мақсад аз табодули академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи хориҷии таҳсилот, баланд бардоштани салоҳиятнокии касбӣ, мутобиқат пайдо намудан ҷиҳати таҳсил дар фазои ҷаҳонии таҳсилот ва омӯзиши усулҳои нави таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ маҳсуб меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҷанубии Қазоқистон ба номи М. Ауэзова бо як ихлосу самимияти беандоза ва барномаи махсуси таҳияшуда донишҷӯёни Донишгоҳро истиқбол намуда, бо шароитҳои муосири таълимӣ ва будубош таъмин намуданд.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати қабули гарму самимии донишҷӯёни муассиса ба Донишгоҳи давлатии ҷанубии Қазоқистон ба номи М. Ауэзова изҳори қаноатмандӣ ва арзи сипос намуда, дар навбати хеш омодагии ҳамаҷонибаро ҷиҳати қабули донишҷӯёни донишгоҳи шарик иброз менамояд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ