Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию таҳқиқотии “Иқтисоди сабз”- и муассиса таҳти роҳбарии профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори ҳамоиши байналмилалӣ доир ба масоили “Иқтисоди сабз” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҳамоиши мазкур масоили мубрами иқтисоди сабз, энергияи сабз, сармоягузорӣ ва амсоли онҳо баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Сипас, дар доираи ҳамоиши мазкур мулоқоти судманди ректори донишгоҳ бо роҳбарияти корпоратсияи “China International Engineering Co.” доир гардид. Зимни вохӯрӣ лоиҳаҳои мухталифи донишгоҳ муаррифӣ гардида, масъалаҳои ҳамкории шарикӣ дар татбиқи онҳо баррасӣ шуданд. Роҳбарияти корпоратсияи мазкур омодагии худро дар амалисозии лоиҳаҳо иброз намуд.