(Ё чанд андеша вобаста ба таҷлили 2550 -солагии Эъломияи ҳуқуки башари Куруши Кабир дар сатҳи Юнеско)
Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Воқеан Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро ҳифз карда барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва намунаи арзишианди онро ба мардуми олам муаррифӣ мекунем.Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад. Дар паеми навбатӣ роҳбари давлат оиди таҷлили бошукӯҳи 2550 солагии Эъломияи ҳуқуки башари Куруши Кабир дар сатҳи Юнеско чун анъана аз гиромидошти чеҳраҳои таърихӣ дар кишвар ба масъулини соҳаи фарҳанг дастуру супоришҳо дода шуд. Чун дигар шахсиятҳои таърихии тамаддуни форсу тоҷик дар давлатдории Форс Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ба шумор меравад..Тибқи маълумоти Ҳеродот, дар империяи таъсисдодаи Куруш намояндагони зиёда аз 50 забону 70 халқиятҳои гуногуни Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекарданд. Куруш шоҳи хирадманд, меҳрубон ва боирода буд. Куруш ҳангоми лашкаркашӣ қатлу ғорат намекард, эътиқодот ва муқаддасоти мағлубонро муҳтарам мешумурд, бо миллатҳо ба шафқат ва бо подшоҳон ва фармонравоён, ки аз ӯ шикаст хӯрда буданд, ба мадоро ва меҳрубонӣ рафтор мекард. Лаёқат дар сиёсат, ҷавонмардӣ дар ҷанг ва инсоният бо Эъломияи Куруши Кабир нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва эҳтироми ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ дониста машавад. Роҳбари муаззами миллат ба хотири ошноии бештар аз ин санади ҳуқуқӣ бори дигар саҳифаҳои таърихи халку миллатро дар шинохти як чеҳраи сиёсӣ дар мисоли Куруши Кабир ва Эъломияи башардӯстонааш кушода моро водор месозад, то ба мазҳари таърихию аҷдодии хеш дубора назар андозем. Эъломияи Куруши Кабир ки аз 39 модда иборат аст, имрӯз нахустин эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ин Эъломия соли 1879 кашф гардида, дар музеи Британия ва нусхаи он дар СММ нигаҳдорӣ мешавад. Дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир 50 афкори инсондӯстона, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ инъикос ёфтааст: Дар 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар 44 мавриди он идеяҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар шаклу мазмуни дақиқи имрӯза омадаанд.Аз тафовут дар байни Эъломияи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бармеояд, ки қонунҳо, дар баробари талаботи умумӣ, бояд махсусиятҳои ҷомеаи мушаххасеро низ ифода намоянд, ки барои он навишта мешаванд, бо истиснои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва асноди дигари ҳуқуқи байналмилалие, ки дар замони мо барои давлатҳои аъзо аз тарафи СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ навишта ва қабул карда шудаанд. Бояд гуфт, ки қабули қонунҳо ва санадҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавии ҳуқуқию меъёрии замони мо дар шакл ва усули дастаҷамъонаи намояндагони давлатҳои аъзои созмон сурат мегирад ва аз тасдиқу бақайдгирӣ дар мақомоти қонунгузор мегузаранд.Эъломияи ҳуқуқи башар аз тариқи андешаҳои Куруши Кабир дар сатҳи хеле баланди ғояҳои башардӯстона, содаю бо забони равон ва нақлӣ таҳия карда шуда, қариб ҳамаи он масъалаҳоеро инъикос кардааст, ки барои инсоният натанҳо дар Бобулу тамоми Шаҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва аксарияти давлатҳои дунёи қадим, балки дар асрҳои миёна ва ҳатто дар асрҳои нав ва замонҳои таърихи навину муосир ҳам хос ба назар мерасанд.
Дар ин раванд Пешвои муаззами миллат дар нуқтаҳои барассишавандаи Паем дар бораи ҳифзи анъанаҳо, гиромидошти чеҳраҳои таърихӣ чойгузин нашудани фарҳанги бегона ба фарҳанги миллии мо, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо ва тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ намудани мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамон ба аҳли олам изҳори назар карданд. Хотирнишон гардид, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат аст, то дар ин кори дастаҷамъӣ ба хотири арзишҳои фарҳангию тамаддунӣ кӯшиши бевосита ба харҷ диҳем. Тоҷикон аслан фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватану соҳибмиллат мебошад. Сарвари давлат дар ин росто оид ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд сухан ронда ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамонро аввалиндараҷа ҳисобиданд..Имрӯзҳо пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва ҷиҳати тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардид, ки хоинони миллат то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро дар айни замон талаб менамояд.
Бояд гуфт, ки Куруши Кабир, дар қатори абармардони майдони сиёсат аз қабили Исмоили Сомонӣ, Зардушт,Муқаннаъ, Спитамен, Восеъ, Темурмалик, Бобоҷон Гафуров, С. Айнӣ ва даҳҳо бузургон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон зикр намуд. Пешвои миллат ҳамчун абармарди дунёи сиёсат баҳри ободӣ, сулҳу субот ва аз нав эҳё намудани як давлати бузург ва шахсиятҳои таърихию фарҳангии он, зимни ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷаҳду талош намуда, бори дигар ҳиммату созандагии мардуми форсзабонро дар арсаи байналмилалӣ дар ҳайсияти як чеҳра, Куруши Кабир муаррифӣ хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки замина ва эҳёи дубораи сохтори давлатдории тоҷикон маҳз бо заҳматҳои бевоситаи Роҳбари Давлат аст, ки ин талошҳо хусусият ва арзиши аслии таърихию мондагор дар наслҳои оянда дорад. Заҳматҳои беназири Пешвои миллат чун корномаи бузургони мардони илму адаб, фарҳангу сиёсат ва ва маърифату ҳақшиносони форсизабони дунёст, ки назираш дар тамаддуни ҷаҳон кам андар кам аст. Шахсиятҳои таърихсози форсу тоҷик дар мисоли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Шамси Табрезӣ, Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Спитамен, Восеъ, Куруши Кабир, С Айнӣ, Зардушт, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, ки барои дифоъ ва озодӣ, башардӯстию рафоқат, ҳамдилии ҳалкҳои олам кӯшидаанд ва ба ин васила ба гояҳои мустаҳкаму инсондӯстии ҳеш дар таърихи башарӣ ҷовидонанд, намунаи олии шинохти аслияти таърихию фарҳангии мост. Пешвои миллати тоҷикон дар як давраи кутоҳи таърихӣ тавонист, ки бо бузургманишӣ ва хоксорию ҷавонмардияш чун як чеҳраҳои асили дунеи сиесат, баҳри пойдории давлати миллӣ ва тамаддуни ориёӣ , сулҳу субот раҳоӣ аз паркандагӣ, ҳамбастагӣ, озодӣ, ҷаҳд намояд ва аслияти шахсиятҳои таърихии форсро дар як муддати кутоҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Ба ҳифзи асолати миллӣ, посдориии мероси бузургони форсзабон, таҳқиқи осори пурарзиши онҳо баргаштан ба гузашта гом бардорад ва ниқоб аз сиёҳии нафратангези фанооварӣ миллат бардорад.Дар сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати мо, ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо аён аст. Аз таърихи қадима ва сарнавишти давлатдории ниёгон, ки дар навиштаҳои Пешвои миллат акс ёфтааанд ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин миллати покманишу озодандеш дар печутобу гардишҳои сиёсии ҳар давру замон рӯҳи шикастнопазир дошта, ҳамчун симоҳои ҷовидона дар саҳфаҳои таърих ба қалам омадаанд.Бо илова аз гуфтаҳои боло метавон зикр намуд, ки ҳанӯз сар карда аз солҳои сохибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илму фарҳанг, ки таҷассумгари симои маънавии миллат, муттаҳидсозандаи неруҳои аклонию зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа маҳсуб мегардад , мақоми арзанда касб намуд. Ба шарофати сулҳу оромӣ ба хотири фаъолияти пурсамари муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли маҷмуи мушкилоти мавҷудаи соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатиро қабул шуд, ки ба рушду такомули фарҳанги маънавиёти миллӣ такони бузург бахшид. Воқеан, саҳфаҳои таърихи миллат бозгӯкунандаи ҳувият муборизаҳои дурударози мазҳабию фарҳангӣ бо аҷнабиён буда, ҷоннисориву фидокориҳои миллати моро дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамин, забону фарҳанг дар ҳар давру замон инъикос месозад. Ин миллат, миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, ки мо арзишҳои онро, мероси фарҳангӣ, таърихи куҳанбунёд, илму адабиёт ва ҳунари воло, истиқлолият, ҳувияташро ҳифз ва эҳтиром намоем. Зеро миллати мо дар ҳама давру замон соҳибони хирад, озодманиш, донишандӯзу сарбаланд, чун кӯҳсорон буданд ва ба ин маъниҳо умри ҷовидона ёфтаанд.Хулоса, заҳматҳои Пешвои миллат кӯшишҳои созандааш дар роҳи эҷоди Ваҳдати комили миллӣ бори дигар марзҳои ҷангу хушунат, бесарусомониро дар замони муосир бишикаст, муҳаббатҳоро миёни ҳалқҳои фарсзабон ба миён овард, ба ин васила барои мустаҳкамии равобитҳои ҳасанаи кишварҳои дигар бо мо замина гузошт.
Иқдомҳои Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон бахусус таъсиси анҷуманҳо, симпозиумҳои байналмилалии дар кишвар баргузоргардида, таргиби робитаҳои илмию фарҳангӣ ва адабии судманд, шиносоии анъанаҳои миллии мо ба оламиён, ҳамкориҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмунҳо, ҷашнвораҳо ин ҳама, танҳо ба хотири дӯстию ҳамбастагии мардумони олам аст то шароитҳоро фароҳам ва машваратҳои дӯстонаро самар бахшад, ва тавассути шоҳроҳи тамаддунсоз пойдевори минбаъдаи давлати тоҷикон мустаҳкамтар гардонад. Имрӯз вобаста ба вазъи сиёсию амниятӣ ва бо пуштибонӣ аз хуқуқу мақоми мардуми форсизабон дар мисоли афгонию эрониҳо, ки айни ҳол дар Тоҷикистон сукунат доранд ва берун аз марзи Тоҷикистонанд, Раиси Тоҷикони ҷаҳон – Пешвои миллати кишвари тозаистиқлол ҳамеша садо баланд менамояд. Барои мову тоҷикони ҷаҳон Куруши Кабиру Зардушт ва Спитамену Восеъ, Турсунзодаю Айниро ҷовид месозад ва ба шахсиятҳои нотакрори таърихӣ арҷ мегузорад. Метавон дар интиҳо илова намуд, ки Роҳбари давлати мо имрӯз чун Куруши Кабир воқеан, ваҳдатсозу поягузори арзишҳои волои миллӣ ва ҳуқуки башар дар таърихи тоҷикони ҷаҳон аст.
Наҷмиддинова У. – дотсенти кафедраи забонҳо ва фарҳанги ДБССТ