Дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart» мулоқот миёни ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи Мустақбали Арабистони Саудӣ профессор Эссам Ҳусейн Маттар баргузор гардид.
Зимни музокирот масъалаҳои рушди робитаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳои таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ равона карда шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои муҳими муосир, аз ҷумла таҳсилоти рақамӣ, иқтисоди «сабз», технологияҳои ҳушманд ва рушди сайёҳӣ изҳор намуданд.
Ҳамзамон, роҳандозии барномаҳои табодули академӣ, лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва ҷалби мутахассисони ҷонибҳо ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардиданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешрафтаи байналмилалӣ, бахусус донишгоҳҳои инноватсионӣ, заминаи устуворро барои боло бурдани сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ ва тавсеаи имкониятҳои касбии ҷавонон фароҳам меорад.
Вохӯрии мазкур ҳамчун оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Арабистони Саудӣ арзёбӣ гардида, барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши робитаҳои илмию академӣ дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.


























