ПИРӮЗИИ ДАСТАИ САЙЁҲ МУБОРАК!

28 апрели соли 2026 дастаи «Сайёҳ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Маҳфили зарифон» бар дастаи «Ҳамадон»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ бо ҳисоби 137 бар 116 ғалабаи арзанда ба даст овард.

Пирӯзии навбатӣ донишҷӯёни донишгоҳ далели равшани заҳмату истеъдоди ҷавонон, ҷаҳонбинии васеъ ва сатҳи баланди омодагии онҳо буда, мояи ифтихори ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ гардид. Иштироки фаъолона ва баромади шоистаи даста бори дигар собит намуд, ки ҷавонони кишвар дорои қобилияти баланди зеҳнӣ ва фарҳанги ғании миллӣ мебошанд.

Муваффақияти арзандаро ба кулли ҳайати бисёрнафараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.

Дар фарҷом, суханронии ректори донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор вобаста ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли иштирокчиён рӯҳияи болида ва таассуроти фараҳбахш бахшид.

Comments are closed.