Санаи 6 майи соли 2026 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон таҳти унвони “Шоми ҷавонон” дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ки ҳамчун як гӯшаи фарҳангиву зебои шаҳр баҳисоб меравад, чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва омӯзгорон ва меҳмонон баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, суруду таронаҳо, саҳначаҳои тарбиявӣ ва баромадҳои ҳунарӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд. Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди истеъдоду маҳорати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди фарҳангӣ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, аз баргузории чунин маҳфилҳои маърифатӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ба ҳозирин руҳияи хубу хотирмон бахшид.





























