САРМОЯИ ИНСОНӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ: ТАҲЛИЛИ НУҚТАҲОИ КАЛИДИИ ПАЁМ

(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
28 декабри соли 2024, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сармояи инсонӣ аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Мавзуи мазкур ҳамчун як омили калидӣ барои рушди устувор ва амнияти иқтисодии мамлакат пешниҳод гардида, дар якчанд бахшҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Қобили қайд аст, ки соҳаи маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Ҳадафи асосии сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат дар ин самт, таъмини ҳамаҷонибаи рушди сармояи инсонӣ дар кишвари азизамон мебошад. Зеро, таълиму тарбия ҳамчун унсури муҳими сармояи инсонӣ бояд пайваста такмил дода шуда, ба талаботи бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошанд.
Аз ҷониби дигар, маориф ҳамчун як бахши муҳим ва асосии сармояи инсонӣ маҳсуб меёбад. Соҳаи маориф имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дониши зарурӣ ва малакаҳои касбиро пайдо кунанд, ки ин барои амалӣ гардонидани қобилиятҳои худ ва ҳамчунин барои рушди ҷомеа муҳим аст. То чӣ андозае, ки сифати хизматрасониҳои таълимӣ беҳтар бошад, то ҳамон андоза сатҳи сармояи инсонӣ боло меравад ва ҳолати мазкур дар маҷмуъ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ба масъалаи сармояи инсонӣ дахл карда, сароғози онро ба соҳаи маориф рабт намуданд. Ҳамчунин, Президенти мамлакат барои таҳкими раванди мазкур тамоми зинаҳои таҳсилотро таҳлил намуда, супоришҳои мушаххас вобаста ба беҳтар намудани шароити созгор ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ба масъулини соҳа доданд.
Президенти мамлакат бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Муассисаҳои томактабӣ, ҳамчун зинаи аввали низоми таълим дар ташаккули сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Муассисаҳои мазкур барои кӯдакон заминаи асосиро барои соҳиб шудани кӯдак ба донишу маҳорати аввалия фароҳам месозанд.
Инчунин, бояд ёдовар шуд, ки сармояи инсонӣ, ки асосан аз донишу малака ва қобилиятҳои шахсӣ иборат аст, дар асоси тарбия ва таълими томактабӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, маблағгузорӣ ба ин соҳа на танҳо ба рушди сармояи инсонии шахси алоҳида, балки ба пешрафти ҷомеа низ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, сармояи инсонӣ, ки аз маҷмӯи қобилиятҳо, малакаҳо ва истеъдодҳо иборат аст, ба таври мустақим бо муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимӣ алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар муассисаҳои томактабӣ ҳамчун як қисми асосии сармояи инсонӣ ба рушди қобилиятҳо ва малакаҳои кудакон мусоидат мекунад, ки ҳолати мазкур дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сифати зиндагӣ ва рушди иқтисодӣ оварда мерасонад.
Зимни ироаи Паём Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Қайд гардид, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шудаанд”.
Яъне, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз бошад 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки МТМУ яке аз пояҳои асосии низоми маорифи мамлакат мебошанд ва дар ташаккули сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Ин муассисаҳо на танҳо дониши ибтидоӣ ва миёнаи касбиро фароҳам меоранд, балки барои тарбияи шахсиятҳои кордону болаёқат ва масъулиятшиносу омода ба зиндагии мустақил саҳм мегузоранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба нақши ин зинаи таҳсилот ба рушди шахсият ва сармояи инсонӣ, Пешвои муаззами миллат чун солҳои қаблӣ, имсол низ пешниҳод намуданд, ки “Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф аз 1 сентябри соли 2025 30 фоиз зиёд карда шавад”.
Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ низ ба таъкиди Пешвои муаззами миллат тағйиротҳои назаррас ба амал омаданд. Яъне, агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 адад ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Қобили қайд аст, ки таҳсилоти олии касбӣ зинаи баландтарини низоми маорифи кишвар аст, ки дар рушди сармояи инсонӣ нақши босазо дорад. Зинаи мазкури таҳсилот ба рушди донишу малакаҳои касбӣ, эҷодӣ ва иҷтимоии шахс мусоидат намуда, онҳоро ба мутахассисони баландихтисос мубаддал месозад.
Умуман, соҳаи маориф як механизм барои эҷоди сармояи инсонӣ мебошад, ки тавассути он одамон метавонанд ояндаи дурахшонро барои худ ва наслҳои оянда фароҳам созанд. Инчунин, рӯй овардан ба таълим ва таҳсилоти босифат, имкониятҳои навро ба сӯи зиндагии беҳтар ва арзанда боз месозад.
Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тандурустии мардум ҳамчун ҷузъи муҳимтарини сармояи инсонӣ таъкид гардид. Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст”.
Қобили қайд аст, ки соҳаи тандурустӣ ва сармояи инсонӣ бо ҳам робитаи зич доранд, зеро саломатӣ яке аз ҷузъҳои асосии сармояи инсонӣ ба шумор меравад. Саломатии хуб ба шахс имконият медиҳад, ки қобилиятҳои худро пурра истифода барад. Агар аҳолӣ солим бошад, самаранокии меҳнат ва истеҳсолот низ афзоиш меёбад. Бояд қайд намуд, ки муассисаҳои тандурустӣ нақши муҳимро дар пешгирӣ ва табобати бемориҳо доранд, ки ҳолати мазкур ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки соҳаи тандурустӣ дар ташаккули саломатии ҷисмонӣ ва равонии мардум низ нақши муҳим дорад. Ин барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии инсон муҳим аст. Ҳамзамон, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббии босифат, аз ҷумла барои кӯдакон ва наврасон, ба рушди солимии насли ҷавон мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, меҳнати самараноки кормандон ба сатҳи саломатии онҳо вобаста аст. Дар маҷмӯъ, таъмини шароити беҳтари тандурустӣ метавонад ба афзоиши истеҳсолоти миллӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат кунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин зимни ироаи Паём қайд намуданд, ки “Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам. Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд”.
Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи тандурустӣ, кадрҳои баландихтисос, ки дониши амиқ ва малакаҳои касбии баланд доранд, ҷузъи муҳимтарини сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, метавон иброз дошт, ки таваҷҷӯҳ ба соҳаи тандурустӣ, таваҷҷӯҳ ба сармояи инсонӣ аст. Ҳамчунин, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ омили муҳимми рушди сармояи инсонӣ мебошад. Ҳолати мазкур барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва солимии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Умуман, зикр карда шуд, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шудааст.
Масъалаи муҳимми дигари Паёми Пешвои муаззами миллат вобаста ба рушди сармояи инсонӣ, ин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Дар Паём таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ин соҳаҳоро барои рушди сармояи инсонӣ дар кишвар таъкид намуданд.
Умуман, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки сармояи инсонӣ ҳамчун захираи асосӣ барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол шинохта шудааст.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат тавассути сиёсати давлатӣ ва барномаҳои стратегӣ барои таҳкими ин соҳа тадбирҳои амалӣ меандешад. Ин равиш ба таҳкими амнияти иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
ЗОИРЗОДА ИСЛОМБЕК САНГМАҲМАД – н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *