МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАНҒАРА

Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон   ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №380, аз 29 июли соли 2024 таъсис дода шуд.

Дар асоси ин қарор аз Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ Т-ИФ №0005480 аз 21 августи соли 2024, № 5456  гирифта шуд ва тибқи низомнома дар соли таҳсили 2024-2025 65 нафар донишҷӯ ба курси 1 қабул карда шуданд. Ҳамзамон ба Донишкада 26 нафар корманд, аз он ҷумла 13 нафар омӯзгорон тариқи озмун ба кор қабул карда шуданд.

24 майи соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат ба сохтмони  биноҳои таълимӣ, хобгоҳ ва Маркази рушди касбият ва хизматрасонии назди филиали Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара санги асос гузошта шуд, корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд.

Бинои филиал аз рӯйи лоиҳа аз 5 бино (блокҳои А, Б, В, Г, Д) иборат мебошад ва барои 5000 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ва фаннӣ, ҳамчунин филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ – электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Тибқи лоиҳа блоки А (5 ошёна) бинои таълимӣ буда, синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо ва утоқҳои корӣ иборат мебошад.

Дар блоки Б (3 ошёна) китобхонаи илмӣ-электронӣ, толори фарҳангӣ ва меҳмонхонаи таълимӣ ҷойгир карда мешавад.

Блоки В (8 ошёна) бинои маъмурӣ ва таълимӣ буда, аз утоқҳои корӣ, синфхонаҳо, марказҳо ва толорҳо барои гузаронидани чорабиниҳои мухталифи ҳузуриву онлайнӣ иборат хоҳад буд.

Аз рӯйи лоиҳа блоки Г (3 ошёна) аз ҳавзи шиноварӣ, толори варзиш ва ошхона иборат мебошад.

Дар блоки Д (5 ошёна) хобгоҳ барои омӯзгорон ва донишҷӯён (350 нафар) ҷойгир карда мешавад.