Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЛЕВАКАНТ
Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №380, аз 29 июли соли 2024 дар заминаи филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант таъсис дода шуд.
Санаи 14 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишкадаи байналмилалии Левакантро ифтитоҳ намуданд. Бинои таълимӣ барои 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 5 марказ, аз ҷумла Маркази таҳқиқотии иқтисоди “сабз”, Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ, 1С муҳосибот ва маркази “Тарабхонаи амалӣ” мебошад.
Раванди таълим дар Донишкада бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар донишкада 2 факултет ва 4 кафедра, бо теъдоди умумии 79 нафар ҳайати илмӣ педагогӣ фаъолият менамояд.
Дар маҷмўъ, дар Донишкада, дар зинаи бакалавр, шўъбаи рўзона, фосилавӣ, дар зинаҳои магистратура докторантура 851 нафар ба раванди таълим фаро гирифта шуданд.