КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “САҲМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ДИПЛОМАТИЯИ САБЗ”

Санаи 15-уми апрели соли 2025 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз” бахшида ба “ Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Конфронсро Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода оғоз намуда, доир ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили мустаҳкам намудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, дар амал татбиқ намудани Ҳадафҳои рушди устувор ва ицтисоди сабз суханронӣ намуда, дар кори конфронс ба иштирокчиёни он муваффақият ва бурдборӣ орзу намуданд.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Шарифӣ Аъзамшо Латифзод доир ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти дипломатияи сабз ва мубориза бо тағйирёбии иқлим, натиҷаҳои ин ташаббусҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзоиши нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор суханронь карданд.
Дар идомаи кори конфронс намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аз ҷумла Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олиҷаноб Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олиҷаноб Алимирзамин Аскеров, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олиҷаноб Муҳаммад Саид Сарвар, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олиҷаноб Гочмирадов Аймирад Байраммирадович, мушовири калони Сафорати Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Клига Геннадий Викентевич, мушовир- фиристодаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонум Хуторская Вера Валеревна, доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва иқтисоди сабз, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи кишварҳои худ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии конфронс маърӯзаҳои илмии доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар, намояндаи офиси DAAD дар ш.Душанбе, доктор Улрике Миттер, доктори илмҳои сиёсӣ, ходими пешбари шуъбаи ИМА ва Канадаи Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Каримов Шамсиддин Турсунматович, узви Шӯрои директорони Ҷоизаи бонуфузи Electra барои тиҷорат ва инноватсия, узви Кумитаи машваратӣ оид ба сиёсати қарз дар ташкилоти «Маслиҳати молиявӣ» Алимова Зебунисо Акмаловна (Веллингтон, Зеландияи Нав), доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷӣ, директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Майтдинова Гузел Майтдиновна, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи илм, инноватсия, равобити байналмилалӣ ва фаъолияти интишории Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар ш.Душанбе Комилова Хосият Ғуфроновна шунида шуданд.
Баъди нисфирӯзӣ кори конфронс дар 7 бахшҳои алоҳидаи марбут ба ҷабҳаҳои гуногуни татбиқи Ҳадафҳои рушду устувор ва пешбурди дипломатияи сабз дар сатҳи байналмилалӣ ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шунидани 46 маърузаҳои илмӣ аз тарафи муҳаққиқони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон идома ёфт.
Дар анҷоми конфронс саволу ҷавоб ва музокирот баргузор гардида, директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода бо сухани интиҳоӣ ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, конфронсро пӯшида эълон карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Хабарҳо
Бештар