17 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Усулҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович, инчунин намояндагони муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, коршиносон ва муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини аввали ректор Мирзоҳид Абдувоҳидович конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, зикр кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, масъалаи такмили усулҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти хоса касб намудааст. Ба таъкиди ӯ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, платформаҳои рақамӣ ва барномаҳои зеҳни сунъӣ имконият фароҳам меоранд, ки сифати таълим баланд бардошта шуда, раванди омӯзиш бештар интерактивӣ ва самаранок гардад.
Ҳамзамон, номбурда иброз дошт, ки мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир, ҷорӣ намудани усулҳои навини педагогӣ ва баланд бардоштани малакаҳои рақамии омӯзгорон аз омилҳои калидии рушди соҳаи омӯзиши забонҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи конфронс иштирокчиён доир ба таҷрибаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълими забонҳо, нақши зеҳни сунъӣ дар таҳияи маводи таълимӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати омӯзиш мубодилаи афкор намуданд.






































