БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ИЛМӢ-САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БАДАХШОН: АЗ ДАРВОЗАИ ТИЛЛОӢ ТО БОМИ ҶАҲОН» (15-16 октябри 2026, НОҲИЯИ ДАРВОЗ) АЗ ЁДГОРИИ НОДИРИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН – ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ» (ДБССТ, 13-18 ОКТЯБРИ 2026)

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» (Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, 13-18 октябри 2026) гуруҳи калони иштирокчиёни Экспедитсияи илмӣ-сайёҳии байналмилалии «Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон» (15-16 октябри 2026, ноҳияи Дарвоз) аз Қалъаи Ҳулбук — ёдгории нодири таърихии Тоҷикистон дидан карданд.

Қалъаи Ҳулбук яке аз ёдгориҳои муҳими таърихию меъмории Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Он маркази таърихии Ҳулбук – пойтахти давлати Хатлони асримиёнагӣ ба шумор рафта, ба давраи рушди давлати Сомониён ва асрҳои миёнаи таърихи тоҷикон иртибот дорад. Иттилоъ дода шуд, ки Қалъа дар замонҳои қадим на танҳо вазифаи мудофиавӣ, балки аҳаммияти сиёсӣ, маъмурӣ ва фарҳангӣ низ дошт. Ҳулбук ҳамчун маркази муҳими минтақа дар рушди ҳунармандӣ, тиҷорат ва фарҳанги шаҳрсозӣ нақши назаррас бозидааст. Мавҷудияти боқимондаҳои деворҳои қалъа, биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти бостонӣ аз маҳорати баланди меъморон ва сатҳи пешрафтаи шаҳрсозии ниёгони тоҷик шаҳодат медиҳад. Ҳангоми ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз ин мавзеъ зарфҳои сафолию шишагӣ, тангаҳо, ашёи рӯзгор ва пораҳои наққошиҳои деворӣ ёфт шудаанд. Ин бозёфтҳо барои омӯзиши таърихи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Хатлони қадим аҳаммияти калон доранд.

Имрӯз Қалъаи Ҳулбук ба ҳайати Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» дохил буда, ҳамчун ёдгории арзишманди таъриху фарҳанги тоҷикон барои омӯзиши илмӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ хизмат мекунад.

Сафари иштирокчиёни Экспедитсияи илмӣ-сайёҳии байналмилалии «Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон» идома дорад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар