БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ АЗ РАВАНДИ БУНЁДИ БИНОҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ХУҶАНД

​18 апрели соли 2026 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода пас аз иштирок дар конфронси байналмилалӣ, ки дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд” баргузор гардид, аз рафти корҳои сохтмонии биноҳои таълимии нави Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳ боздид намуд.

Маврид ба зикр аст, ки санги асос барои бунёди биноҳои таълимӣ 30 августи соли 2025 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

​Ибтикороти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси Донишгоҳ дар рушди инфрасохтори таълимии кишвар ва фароҳам овардани шароити муосир барои насли ҷавон хоҳад буд.

Сохтмони биноҳои таълимӣ моҳи декабри соли 2025 оғоз ёфта, айни замон бо сатҳу сифати баланд идома дорад.

Зимни боздид аз раванди бунёди биноҳои таълимӣ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо масъулин мулоқот анҷом дода, ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ ва бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода додани иншооти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Comments are closed.