БОЗДИДИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ИНФРАСОХТОРИ МУОСИРИ ДОНИШГОҲ ВА СОХТОРҲОИ ОН

24 марти соли 2026 намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварда, аз Академияи сайёҳӣ ва Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳ дидан намуданд.

Меҳмононро роҳбарияти Донишгоҳ бо самимияти хоса истиқбол намуда, дар оғоз доир ба сохтори идоракунӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, инчунин имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисосу рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Донишгоҳ ҳамчун яке аз марказҳои пешбари омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, дар асоси стандартҳои муосири ҷаҳонӣ фаъолият менамояд.

Дар идомаи боздид намояндагони ВАО аз Маркази рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, лабораторияи сайёҳӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, студияи таълимӣ, Маркази дипломатияи сабз, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхонаи замонавӣ, хобгоҳи муосири донишҷӯён, Маркази таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ ва дигар инфрасохтори таълимии Донишгоҳ дидан намуданд.

Меҳмонон ба шароити фароҳамгардида ва пойгоҳи муосири моддию техникии Донишгоҳ баҳои баланд дода, онро заминаи муҳим барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки чунин боздидҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иттилоотӣ ва густариши равобити дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мусоидат намуда, дар муаррифии имкониятҳои соҳаи маориф ва сайёҳӣ нақши муҳим мегузоранд.

Comments are closed.