22 марти соли 2026 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангӣ ва ҷаҳонгардӣ», ки дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштироки фаъолона намуд. Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ гӯшаи наврӯзии Донишгоҳ бо тарҳу ороиши хос ба чорабинӣ ҷилои дигар бахшида, таваҷҷуҳи меҳмонону иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Дар гӯшаи мазкур суннату анъанаҳои миллии мардуми тоҷик, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои донишҷӯён ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон, имкониятҳои таълимӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва фаъолияти илмии Донишгоҳ дар самти рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ низ пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Чунин иқдомҳо ба таҳкими нуфузи байналмилалии Донишгоҳ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.






































