ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОМАД НАМУДАНД

Дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим» иштирок ва суханронӣ намуд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани ифтитоҳии худ иштирокдорони конфронсро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабинии сатҳи баландро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки конфронси мазкур дар Донишкадаи байналмилалии Левакант, яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ баргузор шуда, дорои аҳаммияти муҳими таърихӣ мебошад.

Қайд карда шуд, ки дар Литсейи касбии ҳудуди донишкада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил намудаанд, ки боиси ифтихори бузург аст.

Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши таҳдидҳои глобалӣ масъалаи идоракунии самараноки захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ ва иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об мавқеи пешсаф дорад.

Ректор ҳамзамон аз нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ёдовар шуда, таъкид намуд, ки бо сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд. Аз ҷумла, татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ, аз қабили даҳсолаҳои марбут ба об, саҳми назарраси кишварро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ бозгӯ менамояд.

Дар баромад инчунин зикр гардид, ки рушди устувори иқтисодӣ бе истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан об, ғайриимкон мебошад. Дар ин замина, татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонӣ дар идоракунии захираҳои обӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ аз аҳаммияти хос бархӯрдор аст.

Сипас, дигар иштирокдорони конфронс низ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Comments are closed.