декани факултети молия

ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

 

Раҳматзода Далер Талбак
Тел.: (+992) 988 00-01-21
E-mail: rahmatov-daler92@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Раҳматзода Далер Талбак – декани факултети молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Раҳматзода Д.Т. 9-уми январи соли 1993 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз 1-уми сентябри соли 1999 ба МТМУ №28- ноҳияи Восеъ ба синфи якум рафта соли 2010 муассисаи мазкурро хатм намудааст.

Солҳои 2010-2015 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Солҳои 2016 – 2024 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ кор ва фаъолият намудааст.

Соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм намудааст.

Соли 2023 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Хусусиятҳои ҳифзи ҳуқуқии ба ҳам алоқаманд дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти рақамикунонӣ”, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя кардааст.