Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе 14 апрели соли 2026 Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» бо иштироки доираи васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони хориҷӣ расман ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқимӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, намояндагони вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Форум бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз гардид. Мавсуф зимни баромади худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ташаббуси донишгоҳ ҷиҳати баргузории чунин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуда, аҳаммияти густариши ҳамкориҳоро дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои ҳушманд таъкид кард. Ҳамзамон, ӯ меҳмонони хориҷиро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфта, баргузории Форумро заминаи муҳими таҳкими робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафарзода Анвар Ислом, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, раиси донишгоҳҳои “Сабз” Индонезия Вишну Ҷувоно, ректори Донишгоҳи Хушалхон Хаттаки Ҷумҳурии исломии Покистон Муҳаммад Тоҳир, ректори илмҳои дақиқи Саккарии Туркия Мехмед Сарибийик, Президенти Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Федератсияи Россия Пирогова Олга Вячеславовна, директори Академияи баҳрии Осиё ва Уқёнуси Ороми Филиппин Анжелика Байлон баромад намуда, доир ба нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таъмини рушди устувор, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ибрози назар карданд.
Зикр гардид, ки Форум ҳамчун майдони муҳими мубодилаи таҷриба, пешниҳоди ташаббусҳои нав ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди сабз, технологияҳои рақамӣ ва идоракунии ҳушманд хизмат намуда, ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Интизор меравад, ки дар доираи Форум як қатор ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои муҳокимавӣ ва мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардида, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди устувор мавриди баррасии амиқ қарор гиранд.
























































