17 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими тантанавии ҷоизасупории Олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart» баргузор шуда, ҷамъбасти расмии озмунро ташкил дод.
Дар маросим роҳбарияти Донишгоҳ, ҳайати ҳакамон, устодон ва иштирокчиёни Олимпиада ширкат варзида, натиҷаҳои ниҳоии озмун эълон гардиданд. Қайд карда шуд, ки Олимпиада дар фазои рақобати солим ва шаффоф баргузор гардида, иштирокчиён сатҳи баланди дониш, маҳорати таҳлилӣ ва тафаккури эҷодиро нишон доданд.
Дар идома, ғолибон аз рӯи ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян гардида, бо дипломҳои дараҷаи I, II ва III, инчунин туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, як қатор иштирокчиёни фаъол барои иштироки назаррас ва натиҷаҳои хуб бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо фазои тантанавӣ ва эҳсоси ифтихор анҷом ёфта, бори дигар аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар рушди илму маориф, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид намуд.









































































