17 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сайёҳӣ аз рӯи намудҳои вело-масофа ва роҳгардии сайёҳӣ бо иштироки васеи варзишгарону меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишии мазкур масъулини Федератсияи варзиши сайёҳӣ, намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, доварони байналмилалӣ ва варзишгарон аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши сайёҳӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Зимни ифтитоҳи расмии чорабинӣ таъкид карда шуд, ки варзиши сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди устувор метавонад дар муаррифии захираҳои табиӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ нақши калидӣ бозад. Инчунин, чунин мусобиқаҳо ба баланд бардоштани малакаи касбии варзишгарон ва таҳкими дӯстиву ҳамкории байни халқҳо мусоидат менамоянд.
Мусобиқа аз рӯи ду намуди асосӣ вело-масофа ва роҳгардии сайёҳӣ баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати худро дар масофаҳои муайян ва шароити махсуси варзишӣ санҷиданд. Баромадҳои варзишгарон аз ҷониби ҳайати доварони байналмилалӣ баҳогузорӣ шуда, ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ ва варзишӣ мусоидат намуда, заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳа фароҳам меорад.















