МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ БА ШАҲРИ БОСТОНИИ ХУҶАНД ТАШРИФ ОВАРДАНД

18 апрели соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» меҳмонони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодии рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ дар шароити рақамикунонӣ» ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф оварданд.
Меҳмононро зимнан дар фазои гарму самимӣ роҳбарияти МД «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» истиқбол гирифтанд. Зимни пазироӣ ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни ин сафар меҳмононро ректори МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, инчунин намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамроҳӣ менамоянд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариши робитаҳои илмию амалӣ, ҷалби сармоя ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, меҳмонон бо имкониятҳои таълимӣ, инфрасохтори муосир ва дастовардҳои илмии донишкада шинос гардида, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.

Comments are closed.