ОҒОЗИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ, ки ба нақши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини рушди устувор бахшида шудааст, оғоз гардид.

Конфронс дар IT Park-и шаҳри Душанбе бо иштироки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, олимон, коршиносон, омӯзгорон ва мутахассисон аз кишварҳои гуногун оғоз гардид.

Ташкилкунандаи конфронс Институти технологияҳо ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.

Дар конфронси мазкур намояндагони донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва сохторҳои давлатӣ иштирок доранд, аз ҷумла мутахассисон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркия ва дигар кишварҳо.

Ҳадафи конфронс баррасии масъалаҳои муҳими рушди технологияҳои рақамӣ, таъсири онҳо ба ҷомеа ва иқтисод, инчунин мубодилаи таҷриба ва натиҷаҳои илмӣ мебошад. Ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун ва нақши он дар расидан ба рушди устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Барномаи чорабинӣ суханрониҳои коршиносони пешбар, маърӯзаҳои услуби TED, ҷаласаҳои мавзӯӣ ва муҳокимаҳои панелиро дар бар мегирад. Ҳамчунин вохӯриҳои B2B ва сессияҳои нетворкинг барои барқарор намудани робитаҳои касбӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар доираи конфронс намояндагони ҷомеаи илмӣ ва таълимӣ, аз ҷумла профессорҳо, докторони илм ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсия суханронӣ мекунанд.

Comments are closed.