16 апрели соли 2026, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мастер-класси байналмилалии «Равандҳои муосири рӯзноманигории сайёҳӣ» ба кори худ оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳи мастер-класс ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарияти МД “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ” ва шунавандагони курс аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо ҳадафи баррасии тамоюлҳои нави рӯзноманигорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва тақвияти нақши расонаҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар ҷараёни мастер-класс коршиносон, мутахассисон ва рӯзноманигорони варзида масъалаҳои марбут ба таҳияи муҳтавои рақамӣ, истифодаи усулҳои муосири қиссапардозӣ (storytelling) ва рушди муҳтавои чандрасонаиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки технологияҳои рақамӣ бо суръати баланд рушд мекунанд, рӯзноманигории сайёҳӣ бояд ба талаботи нав мутобиқ гардида, бо истифода аз усулҳои ҷолибу таъсирбахш имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Ҳамзамон, дар доираи мастер-класс масъалаҳои истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳбурдҳои бозорёбии иттилоотӣ ва ҷалби аудитория баррасӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва рақобатпазирии рӯзноманигорон заминаи мусоид фароҳам меоранд.





















