19 августи соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мулоқоти ректори Донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Асрорзода бо директори гурӯҳи Департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, Дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоии Департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд хонум София Шакил баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушдро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои сайёҳӣ, рушди малакаҳои рақамӣ, дипломатияи рақамӣ, рушди ифрасохтор, инчунин имкониятҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, вазъи кунунии ҳамкориҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, саҳми БОР дар таҳкими инфрасохтори таълимӣ, фароҳам овардани шароити муосири омӯзиши касбӣ, баланд бардоштани малакаҳои амалии ҷавонон ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба талаботи бозори меҳнат муҳим арзёбӣ гардид.
Ректори Донишгоҳ профессор Убайдулло Саттор саҳми Бонки Осиёии Рушдро дар рушди таҳсилоти касбӣ ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир муҳим арзёбӣ намуда, омодагии Донишгоҳро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла дар самтҳои рушди малакаҳои касбӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои шуғли хатмкунандагон изҳор намуд.
Ҳамзамон, меҳмонон аз пойгоҳи моддию техникии омодасозии кадрҳои баландихтисос ва Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонии Донишгоҳ боздид намуда, бо шароити фароҳамгардида, инфрасохтори муосири таълимию амалӣ ва имкониятҳои касбомӯзӣ аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти Марказ ва сатҳи ташкили он баҳои баланд доданд.


















